Имрӯз, 22 июни соли 2026 дар шаҳри Бохтар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, масъалаи ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №45 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ваколати вакили навинтихобшуда тасдиқ гардид.
Сипас, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2024 таҳти №159 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, №327 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024–2028» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки татбиқи барнома дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва рушди соҳаи кишоварзӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, корҳои амалишавии он дар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.
Ҳамчунин, ҳисоботи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 ноябри соли 2022, №344 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №484 «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027» шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, таъсиси муассисаҳои нави хусусии таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
