Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз ба сифати ҳуҷҷати нодире қадр мешавад, ки солҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, таҷрибаи сулҳофарию ба эътидол овардани авзои даргир, ки маҳсули хиради волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, мавриди омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Борҳо Созмони Милали Муттаҳид ин таҷрибаи нодири таърихиро ба кишварҳои гирифтори даргирии дохилӣ ҳамчун дастур барои ба эътидол овардани вазъ тавсия кардааст, ки қобили ифтихор мебошад.
Маҳз ваҳдату ягонагӣ замина фароҳам овард, ки кишвар аз вартаи ҳалокат раҳо шуд ва ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид. Агар замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба далели вазъи амниятӣ аз сафар ба кишвари мо худдорӣ мекарданд, кунун онро дар минтақа мамлакати амнтарин барои сайру саёҳат медонанд ва ҳар сол сайёҳони зиёд ташриф меоранд. Агар дар гузашта бозтоби ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар расонаҳо Тоҷикистонро дар чашми мардуми олам як давлати ҷангзада муаррифӣ мекард, имрӯз ба ҷойгоҳи баланди он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эҳтиром мегузоранд. Ин ҳама дастовард ҳосили талошҳои судманду боровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳифзи онҳо вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.
Тавре аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, баъд аз ҳазорсолаҳои сукут миллати тоҷик дубора истиқлолият, озодӣ ва зимоми давлатдориро ба даст овард, ки ба андешаи мо, замони амалисозии ормонҳои ҳазорсола фаро расид. Вале, сад афсӯс. Гурӯҳе аз нохалафони манфиатҷӯ ва душманони миллат ҷои заҳмату талош барои ободии сарзамини аҷдодӣ ба фурӯхтану қисмат кардани он ва рехтани хуни бародарону чок кардани чодари исмати модарону хоҳарони худ пардохтанд ва бадтар аз ин, тамоми аъмоли ношоистаи худро бо номи дини мубини ислом омезиш доданд. Дар оғози соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллат кишварро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Хатари аз байн рафтани давлат ба миён омад. Аркони давлатдорӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардиданд. Он замон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор буд. Аз ин рӯ, дар он вазъияти душвор 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоб, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, оғоз ёфт.
Нуздаҳуми ноябри соли 1992 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва сокинони мамлакат дар симои ӯ наҷотбахши давлату миллатро дарёфтанд, зеро дар он вазъи мураккаби сиёсӣ мардуми кишвар ба роҳбари кордону ботадбир, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд, ғаюру далер ва шуҷоатманду шикастанафс ниёз дошт. Миллатдӯстиву ватанпарастӣ, нотарсиву далерӣ, қатъияту устуворӣ хислатҳои фарқкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданду ҳастанд. Аз шиносоӣ бо масъалаҳои мавриди баррасӣ қарордоштаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум маълум мегардад, ки хишти аввалро дар эъмори бинои сулҳу Ваҳдати миллӣ маҳз Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, дарахти пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати бузург ба сабзиш овард. Ҳосили талошҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро эътирофу арҷгузорӣ намуданд.
Нақши шахсиятҳоро таърих дар рушду нумуи кишварҳо ва ба дӯш гирифтани масъулияти давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз ба ҳеҷ ваҷҳ инкор намекунад. Халқи тоҷик дар тули таърих нишебиҳои гуногунеро паси сар кардааст ва дар лаҳзаҳои сарнавиштсози он фарзандоне буданд, ки инони ихтиёр ва масъулиятро бар дӯш гирифта, миллату давлатро таври шоиста ҳифз карданд. Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайси саффорӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигарро ном бурдан мумкин аст, ки дар таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи мо бо фаъолияти арзишманди худ, ҳифзи давлату миллат ва таъмини сулҳу субот саҳми бениҳоят бориз доранд. Дар таърихи навин нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дастовардҳои давоми беш аз сӣ соли охири давлатдории тоҷикон маҳз ба фаъолият ва кору пайкори ин абармарди таърихӣ алоқаманд аст. Вақте мо ба таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон назар менамоем, дарк мекунем, ки таърих дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсози миллатҳои гуногун фарзандони фарзонаеро рӯйи кор меорад, ки онҳо бо омадани худ дар масири дигаргунӣ ва тағйироти асосӣ саҳми шоиста мегузоранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чунин шахсият мебошанд. Мавсуф солҳои 90-уми қарни гузашта вориди сиёсат гардида, дар замони бисёр ноормӣ ва ноамнӣ ба сари қудрат ва давлати тоҷикон омаданд ва аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш тамоми талошу кӯшиш ва донишу заковати хешро ба кор гирифтанд, то кишварро ба сулҳу салоҳ оранд ва онро дар масири рушду тараққӣ қарор диҳанд. Гузашти замон ва вақт дуруст будани тамоми иқдомҳои гирифтаи ӯро дар масири давлату давлатдорӣ собит намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро ба ҳайси роҳбари Тоҷикистон аз сулҳ оғоз намуда ва аввалин иқдомҳое, ки дар ин масир бардоштанд, ин баргардонидани овораю гурезаҳо аз тамоми ақсои ҷаҳон ба Ватан ва бо ин роҳ расидан ба оштии сартосарии мамлакат буд. Нахуст дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» (24 ноябри соли 1992) қабул гардид. Лозим омад, ки чанд маротиба бо фирориён, гурӯҳҳои мухолифин вохӯрию суҳбатҳои тӯлонӣ намояд. Муроҷиатномаи Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фирориён дилгармӣ ва эътимод ба ояндаи некро мебахшид. Ин муроҷиат аз меҳру муҳаббати Сарвари давлат ба мардуми худ, сарзамини аҷдодӣ дарак медод, ки ҳамагонро ба сарҷамъиву Ваҳдати миллӣ талқин мекард. Албатта, ин кори осон набуд, чунки сокинони мамлакат дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба якдигар кинаву адоват пайдо карда буданд ва якдигарро бад медиданд. Аз ин рӯ, одамонро ба ваҳдату дӯстӣ, бародарию баробарӣ хонда, боз ҳамон зиндагии қаблиро ҷорӣ кардан кори хеле ва хеле вазнин буд. Чун дар байни мардум боварӣ набуд, одамони маҳаллҳои гуногун ба якдигар боварию итминон надоштанд. Маҳалгароӣ ва маҳалпарастӣ ба авҷи аълои худ расида буд. Дар чунин ҳолат сарнавишти миллат ва Ватан зери савол мерафт ва бақои миллат низ ноустувор мегардид.
Эътироф бояд кард, ки масоили иқтисодиро бо овардани кумакҳои башардӯстона, азми тасмимҳои дуруст дар масири иқтисодӣ, ҳаллу фасл кардан имконпазир аст, аммо дилҳои ранҷида ва кинагирифтаро ба эътидол овардан қариб, ки номумкин аст. Хеле одам бояд таҳаммулпазир ва донишманд бошад, то тавонад гуноҳи дигаронро бубахшад ва бо душмани худ сари як миз бишинад ва хӯрок хӯрад. Ба хотири эҳтиром ва риояи одоби инсонӣ муваққатан душманон низ сари як миз менишинанд, аммо оё онҳо якдигарро бахшидаанд ва оё дилҳоро аз кина пок кардаанд, ин ҳарфу баҳси дигар аст.
Қобилияти бахшида тавонистан фазли дигари Пешвои миллат мебошад. Ба бахти мо бо инояти Яздон Абармарди шуҷову таърихии марҳилаи навини давлатдории тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид шуда, нахуст тарафҳои муқобилро ба ҳам оварданд ва аз ҳама муҳим айбҷӯӣ накарда, ҳамаро ба хотири ояндаи неки давлату миллат бахшиданд. Дар ҷаҳони муосир ин шоҳкории Пешвои миллат мактаби омӯзиши кулли башар ва тимсоли барҷастаи ақлгароӣ ба муқобили ифротгаройист. Хеле кам воқеъ мешавад, ки Роҳбари давлат ҳатто гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд, бахшад. Ҳамватанонамон шоҳиданд, ки барои авфи гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуданд, 18 қонуни авфро ба имзо расониданд. Мардуми кишвар бояд ифтихорманд бошанд, ки дар замони худ маҳз намояндагонашон – вакилоне, ки онҳо интихоб карда буданд, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Сарвареро интихоб намуданд, ки ба шарофати он кас дар ҳама самтҳо комёбему кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳхоҳ, раиятпарвар ва одил мебошанд ва аввалин иқдомҳояш низ дар масири давлатдорӣ ва ҳукумат аз авфи гуноҳи ҳамдигар буд.
Пас аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар буданд неруҳое, ки ба хотири ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар кӯшишҳое ба харҷ доданд, аммо устувории Пешвои миллат ва ҷасорату матонати ӯ ҳамеша дар чунин лаҳзаҳо ба кумаки мо омада, моро аз нооромӣ ва ноамнӣ наҷот медоданд. Ҳоло Тоҷикистон сарфи назар аз тамоми ҳодисаҳое, ки дар олам рух дода истодааст, бо қадамҳои устувор зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи муваффақияту комёбиҳо раҳсипор аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус, қайд намуданд, ки: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад”.
Ваҳдат осон ба даст наомад. Чил музокирот байни ҳукумат ва намояндагони мухолифин доир гардид. Дар онҳо аз харобкориҳо, ба шаҳодат расидани ҳазорҳо ҷавон, дарбадарию бехонумонии ҳамватанон гуфтугузор шуда, таҳдиди аз байн рафтани миллат ҳушдор дода мешуд. Аксари гуфтушунид дар хориҷи кишвар – Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ баргузор гашт. Ҳашт дафъа музокирот дар сатҳи олӣ барпо гардид. Аз чил ҳуҷҷати қабулшуда дар 17-тоаш имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт аст. Мавриди зикр медонам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳ ҳаёти худро зери хатар монда, ба гуфтушунид рафтанд. Тоҷику тоҷикистониён аз музокироти Москва баргаштани ҳайати ҳукуматро таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунанд Дидем, ки пеш аз ҳама, модарон чӣ тавр ашки шодӣ дар чашм ба гардани Сарвари давлат гулчанбар андохтанд. Магар модарон, фарзандони онҳо, дар маҷмӯъ, халқи тоҷик метавонист, ки воқеаи рухдодаи Москва – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бе ашки шодӣ, бе тантана, бе шодию нишот истиқбол гирад?!
Бисту нуҳ сол мешавад, ки аз ҳавои кишвари азизамон нафаси осуда мекашем. Харобиҳои ҷанг барқарор гардиданд, ҳамватанони парешон ба Ватан баргардонда шуданду зиндагиашон на танҳо маҷрои пешинаро гирифт, балки беҳтар аз он шуд.Ин дастовард ва пешравиҳо дар натиҷаи қабули қарорҳои дуруст ва талошу заҳматҳои пайгирона, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд, амалӣ гаштаанд. Имрӯзҳо бо гузашти замон мо хуб дарк мекунем, ки то кадом андоза мо дар роҳи дуруст қарор дорем, чун мо ояндаро хуб дарк карда дида истодаем. Шахсе, ки поёни кори хешро аз оғоз дида метавонад ӯ шахси муваффақ мебошад. Тамоми иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободӣ, пешравӣ ва рушду тараққӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии зиндагии аҳолии мамлакат мебошад. Мо инро ҳамарӯза бо чашми сар мебинем ва рақамҳое, ки дар Паём оварда шудаанд, баёнгари ин суханон мебошанд: «Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод». Мо болотар низ дар ин бора қайд карда гузашта будем, ки масъалаи иқтисодиро бо овардани кумакҳои башардӯстон ва ё иқдомҳои дуруст дар масири корҳои иқтисодӣ ҳаллу фасл кардан мумкин аст, аммо масъалаи тарбияи маънавӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати аҳолӣ ва инчунин меҳанпарастию ватанпарастӣ бо корҳое, ки дар боло зикр намудем иҷро кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, бо дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои муҳимми таърихӣ, солгарди шахсиятҳои маъруфи миллат таҷлил гардида, осори адибони тоҷик дар панҷоҳ ҷилд бо номи «Ахтарони адаб» аз нашр расид. Ин иқдомҳо, яъне баланд бардоштани маънавиёти мардум ва маърифати онҳо яке аз василаҳои аслии кору фаъолият дар масири давлатдорӣ маҳсуб ёфта, асосу пояи давлатро ташкил медиҳад. Давлати миллӣ бар пояи андешаи миллӣ бунёд карда мешавад. Андешаи миллӣ аз фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамасола дар Тоҷикистон теъдоди зиёди муассисаҳои таълимии гуногун бунёд ёфта, ба истифода дода мешаванд. Рӯ овардан ба бунёди низоми қавӣ дар соҳаи илму маориф ва ин соҳахоро дар саргаҳи сиёсати хеш қарор додан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлати мо давлати иҷтимоӣ буда, дар баробари боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ба боло бурдани сатҳи маърифати халқ таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунанд. Агар ба таърихи давлатҳои пешрафта назар андозем, мебинем, ки ҳамаи ин давлатҳо бунёди давлати худро аз низоми маориф шуруъ кардаанд. Дар ҳамаи корҳо, аз ҷумла таҳкими истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа ва бузург аст ва онро имрӯз низ донишмандони соҳа тасдиқ мекунанд.
Хулоса ин аст, ки дар ҷараёни музокирот ва ҳаллу фасли муноқишаи байни тоҷикон нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бориз буда, сол то сол бо таваҷҷуҳ ба ҳаводисе, ки дар ақсои олам рух дода истодааст, мо моҳияти иттиҳоду сарҷамъиро бештар эҳсос мекунем.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
