Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 16 июни соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳуқуқиву иҷтимоии кишвар дар соли ҷорӣ маҳсуб меёбад. Тибқи қонун, авф нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар татбиқ гардида, 11 ҳазору 305 нафар аз маҳрумият аз озодӣ ва дигар намудҳои ҷазо озод мешаванд, инчунин муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 нафар кам карда мешавад.
Ин иқдом танҳо як санади ҳуқуқӣ нест. Он бозгӯи сиёсати башардӯстона, эҳтиром ба арзиши инсон ва эътимод ба имконияти ислоҳи шахс мебошад. Давлат бо қабули чунин қарор нишон медиҳад, ки адолат танҳо дар ҷазо не, балки дар фароҳам овардани имконияти бозгашт ба зиндагии солим ва созанда низ ифода меёбад.
Қонуни авф дар шароите қабул гардид, ки Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Маҳз истиқлолият ба давлат имкон дод, ки низоми ҳуқуқии миллии худро ташаккул дода, бо такя ба арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ сиёсати мустақили ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд. Агар имрӯз Тоҷикистон мустақилона чунин қарорҳои муҳимро қабул мекунад, ин самараи соҳибистиқлолии давлатӣ ва таҳкими давлатдорӣ мебошад.
Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, яке аз ҳадафҳои асосии давлат таҳкими оштии ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва нигоҳ доштани фазои ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Авф ҳамчун суннати ҳуқуқии давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба давлат, коҳиши шиддати иҷтимоӣ ва бозгашти маҳкумшудагон ба муҳити оилаву ҷомеа мусоидат мекунад.
Инчунин, авф масъулияти навро низ ба зиммаи шахсони аз ҷазо озодшуда мегузорад. Давлат имкони дуюм медиҳад, вале истифодаи дурусти он аз худи шаҳрвандон вобаста аст. Онҳо бояд бо меҳнати ҳалол, риояи қонун ва ҳисси баланди ватандӯстӣ эътимоди давлат ва ҷомеаро пос доранд.
Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон борҳо қонунҳои авфро қабул кардааст ва ҳар яки онҳо ба таҳкими арзишҳои инсонгароӣ, адолати иҷтимоӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намудааст. Қонуни нави авф низ идомаи ҳамин сиёсати пайгирона мебошад.
Хулоса, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бори дигар собит месозад, ки давлати тоҷикон сиёсати худро бар пояи арзишҳои инсонпарварӣ, қонуният, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бунёд кардааст. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз чунин иқдомҳо на танҳо аҳамияти ҳуқуқӣ, балки аҳамияти бузурги сиёсӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ низ доранд. Онҳо эътимоди ҷомеаро ба давлат таҳким бахшида, барои пойдории сулҳ, субот ва рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

