Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-061- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи диссертатсияи Исмоилзода Абдулмаҷид Шералӣ, унвонҷӯи кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва рушди назарияи ададҳои сода» зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул баргузор гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 1.1.1. Таърихи илму техника (математика) пешбинӣ мешавад.
