
Салом эй олами ҳастӣ, салом эй зиндагӣ, салом эй субҳ, салом эй рӯз, салом эй рӯзе, ки номат Рӯзи Истиқлолият аст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Боиси хушбахтию сарфарозист, ки имрӯз ин идро дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон ҷашн гирифта истодаем. Истиқлолият ин пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад.
Дар солҳои аввали истиқлолият кишвар бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Сарзамини ҳамешабаҳору офтобии Тоҷикистонро абрҳои тираю сиёҳи фалокату ҷаҳолат фаро гирифтанд.
Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз марди оқилу фозил, абармарди таърих муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пурраи идораи роҳбарию давлатдориро ба даст гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардум шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Баробари пайки Истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид намуда, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшид. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин ва худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфта, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Тоҷикон аз ҷумлаи он мардумоне мебошанд, ки Ватану марзу буми худро дӯст медоранд. Дар тули 35 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯстӣ тоҷик муяссар гардид.
Ҳар даме, ки ман Ватан мегӯям, пеши назарам диёри сарсабзу хуррам, обод ҷилвагар мешавад. Ин диёри арҷманд Тоҷикистон ном дорад.
Ватан! Чӣ гуна калимаи гуворост, сода, дилнишин ва равон.
Ватан! Ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст дар ту.
Ватан! Маконе ҳасти, ки мо дар он ҷо чашм ба дунё кушодаем. Он сарзаминест, ки мо нахустқадамҳои худро дар рӯи он гузоштаем.
Ватан! Маконе , ки аз оби чашмасоронат нӯшидаем, аз ҳавои софу муаттарат нафас кашидаем.
Ватан! Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби ту ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад.
Ватан! Бароям бузургу беҳамтоӣ.
Ватан! Ишќи ту њиссиётест олї.
Ватан! Сарнавишту қисмати ҳар инсон .
Ватан! Мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ.
Ватан! Ту азизтарин сарвату неъмат ҳастӣ, ки насиби мо фарзандонат гардидаӣ.
Ватан! Болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон.
Ватан! Лаби хандон, қуввати ҷон, имону виҷдони инсон
Ватан! Бароям бузургу беҳамтоӣ.
Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.
Фарзанди арзандаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беҳамто аз дӯстдории Ватан сухан мекунад, моро ба худшиносӣ, ифтихор аз ин Ватан ва садоқат ба он ҳидоят мекунанд.
Ифтихори ватандорӣ аз донистани таъриху фарҳанги миллат сарчашма мегирад. Арҷ гузоштан ба корнома ва қаҳрамонии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ҷонфидоиҳои зиёде кардаанд, намунаи олии ватандорист.
Бигзор насли оянда бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.
Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор менамояд, ки бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маъданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азизамон Тоҷикистони ҳамешабаҳор саҳмгузор бошем.
Истиқлолияти Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш мешуморам, барои пойдори ва мустаҳкамии истиқлоли Ватан хизмати содиқонаро пеша мекунам. Ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ мегирам.
Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”,
Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар.
Гулбаҳор Бобоева, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи ДДБ
