Имрӯз устодону донишҷӯёни факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин боздид намуданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо фаъолияти китобхона, имкониятҳои муосири он, толорҳои хониш, захираи адабиёти илмӣ, таърихӣ, бадеӣ ва соҳавӣ шинос шуданд.
Мақсади боздид баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва фарҳангии донишҷӯён, инчунин ҷалби бештари онҳо ба мутолиаи китоб ва истифодаи самараноки имкониятҳои китобхона мебошад.
Ёдовар мешавем, ки китобхонаи мазкур 4 сентябри соли 2026 пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ ба истифода дода шуд.

