
Барои ҳар як халқу миллат истиқлолқу озодӣ ва соҳибдавлатӣ дар роҳи бунёди давлатсозӣ яке аз муваффақиятҳои арзишманд ба шумор меравад. Миллати тоҷик дар интиҳои асри бистум ба ин дастовардӣ таърихӣ, яъне соҳибистиқлолӣ ноил гардид. Ин дастоварди беназир, ки ҳама пешрафту ободонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии мо аз он сарчашма мегиранд дар саҳифаҳои таърихи муосири халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва бо ифтихор навишта мешавад. Истиқлоле, ки ба миллати тоҷик зиндагии осоишта, ваҳдату ягонагӣ, мустақилияти комил, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ, эҳёи нави давлатсозӣ, мустақилияти байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони боэътимодро фароҳам овард.
Татбиқи сиёсати хориҷӣ низ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати ҳар як давлат ба шумор меравад. Давлатҳо дар ин бахши сиёсати давлатдории худ талош меварзанд, ки пеш аз ҳама ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тиҷорат, фарҳанг, маориф ва илм ва дигар бахшу соҳаҳои рӯзафзун бо давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш диҳанд. Дар баробари ин барои нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ, ҳимояи манфиату арзишҳои давлатдорӣ ва муаррифии давлати худ дар миқёси ҷаҳонро таъмин созанд.
Сиёсати хориҷии давлат гуфта пеш аз ҳама ин ҳамкори бо дигар давлатҳо, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва муносибати хуб ба онҳо ҷиҳшати нигоҳ доштани манфиатҳои давлати худ дар арсаи байналмилалӣ фаҳмида мешавад.
Дар мақолаи мазкур, ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибдавлатӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудааст. Нуқтаи муҳимро қайд кардан зарур аст, ки пеш аз ҳама барои омӯзиш ва муайян намудани сиёсати хориҷии ҳар як мамлакат истиқлолияти давлатии он нақши муҳимро мебозад. Бо доштани Истиқлолияти комил давлатҳо аз мавҷудияти худ ҳамчун узви комилҳуқуқи байналмилалӣ дарак медиҳанд, мавқеи худро дар муносибатҳои байналмилалӣ муайян мекунанд ва бо созмону давлатҳои алоҳида ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад. Барои мустақилона муайян намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим ва стратегӣ дорад.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат, яке аз вазифаҳои муҳимтарини рушди давлатдорӣ ташаккул ва муайян намудани низоми сиёсати хориҷии мустақил ба ҳисоб мерафт. Сиёсати хориҷии ҳар як давлат барои ҳамкориҳои судманд дар бахши тиҷорат, рушди соҳаҳои афзалиятноки давлат, дарёфти шарикони стратегӣ, ҷалби сармягузории хориҷӣ, нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ равона карда шудааст.
Асоси ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 таҷассуми худро пайдо намуд. Мувофқи моддаи 11 –и санади мазкур «Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ баромад кунад, бо давлатҳои хориҷӣ робита ҳои дипломатӣ, консулӣ ва тиҷорати барқарор намояд».
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудан муносибатҳои байналхалқӣ ва шиносонидану муаррифии Тоҷикистони навин ҳамчуни кишвари мустақил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳими стратегии сиёсати хориҷии мамлакат ба ҳисоб мерафт.
Ҳамзамон, тибқи омӯзиши тадқиқотҳои илмӣ барои давлатҳои ҷавон иштироки фаъолона доштан дар муносибатҳои байналмилалӣ аз вазифаҳои мураккабу пурмасъулият ба ҳисоб меравад. Тавре, ки коршиносон иброз медоранд: «вазифаҳои душвортарин барои иштирокчиёни нави ҷомеаи байналмилалӣ ба даст овардани эътирофи байналмилалӣ мебошад. Ин алалхусус ба давлатҳои ҷавони мустақил дахл дорад, ки дар арсаи сиёсии ҷаҳон фаъолияти худро оғоз мекунанд ва дар ин масъала таҷрибаи камтар доранд». Масъалаи мазкур барои Тоҷикистони ҷавон низ аҳамияти хосса касб карда буд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарине, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон меистод ин ҳарчи зудтар ба даст овардани эътирофи сатҳи байналмилаӣ ба ҳисоб мерафт.
Муҳаққиқи ватанӣ, А.М. Абдусаломзода вобаста ба сиёсати хориҷии давлат дар шароити навин таҳқиқоти арзишманд анҷом дода, ба маврид иброз менамояд, ки: «Дар равандҳои муосири байналмилалӣ ташаккули сиёсати хориҷӣ аз давлатҳо устуворӣ, мутобиқшавӣ ва омодагӣ ба ҳамкориро талаб мекунад. Амалҳои яктарафа ва кӯшиши ҳукмронӣ камтар самаранок мешаванд. Муваффақияти сиёсати хориҷӣ аз қобилияти пайдо кардани созишҳо, сохтани эътилофҳо ва истифодаи самараноки воситаҳои дипломатияи бисёрҷониба вобаста аст». Албатта барои Тоҷикистон дар солҳои аваали соҳибистиқолӣ дарёфти шарикони стратегӣ, бастани созишномаҳо ва ба роҳ монадни димломатияи бисёрҷониба ва прагматикӣ аҳамияти махсус дошт.
Роҳбарияти давлат оғоз аз соли 1992, яъне дар шароити ноустувории низоми сиёсии ҷомеа бо иқдому ташаббусҳои устувор ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар рӯзҳои мураккабу хатарафзо таваҷҷуҳ ба сиёсати берунии мамлкат бисёр мушкил ба назар мерасид. Дар ин марҳила ба идома додани раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва татбиқи санадҳои имзошуда таваҷҷуҳ дода шуд.
Аз ин лиҳозҳ дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон зарур гардид, ки ҷиҳати мустаҳакам намудани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории сиёсати хориҷии худ шароитҳои созгорро фароҳам оварад. Дар ин марҳила чунин пойгоҳҳои мустаҳакамеро барои амали намудни сиёсати хориҷии мамлакат фароҳам оварданд:
Фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқӣ дар бахши сиёсати хориҷии мамлакат;
Муайян намудани ваколатҳои вазорату идораҳои давлатӣ вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати хориҷӣ;
Дар мамлакат таъсис додани мақомоти алоҳидаи ваколадтори давлатӣ бо мақсади ба роҳ мондани сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ;
Мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ;
Фароҳам овардани шароити созгор ба мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ.
Яке аз ниҳодҳое, ки дар татбиқи сиёсати хориҷии мамлакат ваколатдор буд ин Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳисоб мерафт. Вазорат ҳанӯз 12 майи соли 1944 таъсис ёфта буд. Соли 1992 дар пойгоҳи он Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд. Ниҳоди мазкур ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати хориҷии мамлкат ба мақсади барқарор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолияти назаррас нишон дод. Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои илмӣ ба мо маълум гардид, ки коршиносону муҳаққиқон марҳилаи мазкурро оғози рушди сиёсати хориҷӣ арзёби намуда, онро дар рушди дипломатияи тоҷик созгор эътироф намуданд.
Дар инкишофи сиёсати хориҷии Тоқикистони тозаистиқлол нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аҳамияти назаррас дорад. Дар Иҷлосияи мазкур раиси Шӯрои Олии мамлакат вобаста ба пешбурд ва таҳияи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қабули санади наву алоҳида-Консепсияи сиёсати хориҷии мамлакатро зарур шумориданд. Сарвари давлат вобаста ба пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон чунин қайд намуданд: «Дар асоси эҳтироми меъёрҳои умумибашарӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба мадди назар гузоштани манфиатҳои олии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд». Барои Тоҷикистон ташаккули самараноки сиёсати хориҷии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки рушди давлатдорӣ ба шумор мерафт. Дар шароити соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ усули бисёрсамта ва мутавозинро татбиқ намуд.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон баъди як соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар давлатҳои пасошуравӣ ба узвияти бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид аз 02 марти соли 1992 ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шуд ва мавқеи фаъоли худро ҳамчун субъекти баробарҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ муайян намуд. «Аз 1 феврали соли 1993 Намояндагии СММ дар Душанбе ифтитоҳ гардид». Ин пазироиҳо аз рйдодҳои муҳиму таърихӣ барои Тоҷикистон ба шумор мерафт.
29 сентябри соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба аз минбари бонуфӯзи Созмони Миллали Муттаҳид баромад намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлатӣ мустақил ва дорои истиқлолӣ давлатӣ бо ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Аз ҷомеаи ҷаҳони даъват ба амал овард, ки мо бо сиёсати сулҳҷӯёна ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвар ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, равобити судманд ба хотири рушду инкишофи ҳадафҳои стратегӣ, эҳтироми истиқлолу озодӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои якдигар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои худро ба роҳ мемонад.
Тавре, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Уфуқҳои истиқлол» ин марҳиларо, ки ҳамчун марҳилаи оғози сиёсати хориҷии мамлакат ба ҳисоб меравад, чунин баён доштааст: «Ба хотири манфиатҳои миллии ҷумҳуриамон мо ба таври огоҳона сиёсати «дарҳои кушода»-ро интихоб намудем, ки дар тамоми ин давра ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ дод ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷумҳурии мутамаддини демократӣ ва дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дӯст ҳамчун шарики боэътимод эътироф гаштааст. Сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и мо бар пояи фарҳанги куҳанбунёди миллии тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтаст».
Заминаҳои ҳуқуқуи сиёсати хориҷии мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва қабули нахустин Қонуни асосии давлат, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид гузошта шуд. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ соҳибихтиёр ва муайянкунандаи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ амал кард. Ин санади олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол ва дорандаи истиқлолӣ давлатӣ ба ҷомеаи ҷаҳон расман муаррифӣ намуд. Дар заминаи он Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ҳамчун давлати соҳибмустақил дар баробари муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ба сиёсати хориҷии худ мустақилона муносибат намояд ва барои ҳимояи марзу буми давлат, ҳифзи истиқлолу озодӣ, арзишҳзои давлатдорӣ, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳамкори бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва татбиқи амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат талош варзад.
Дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мамлакат ҷойгоҳи хосса дорад. Мо метавонем моддаи 11-и ин санади олии ҳуқуқиро, ки чунин муқарар гардидааст баён кунем: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар сиёсати хориҷии мамлакат бо мақсади риояи принсипҳои умумибашарӣ, эҳтиром ба истиқлоли дигар давлатҳо, фароҳам овардани равобитҳои дуҷониба ва ҳамкори бо давлатҳои ҷаҳон дар пояи сиёсати сулҳҷуёна устувор амал намуд.
Дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муайян намудани самтҳои сиёсати дохилии мамлакат, сиёсати хориҷии давлат низ аз ҷониби Президент муайян карда мешавад. Ин меъёрӣ қонунгузорӣ дар моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл инъикоси ҳуқуқии худро ёфтааст: «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад». Давлатҳои соҳибистиқлол пайваста талош менамоянд, ки дар сиёсати хориҷии худ ба мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии имкониятҳо ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ муваффақ гарданд.
Дар солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон зарур буд, ки ҳарчи зудтар самтҳо ва низоми сиёсати хориҷии худро муайян ва татбиқ намояд. Олими ватанӣ ва таҳлилгари масоили муносибатҳои байналмилалӣ П. А. Муҳаммадзода ба маврид чунин таъкид менамояд: «Хушбахтона, ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар низоми муносибатҳои муосири байналмилалӣ ҳамчун иштирокчии мустақил ва фаъол амал намояд. Ҳадафҳои стратегии худро дар инзоми сиёсати хориҷии худ пиёда намояд. Манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои миллию фарҳангии худро ҳифз ва амалӣ намояд».
Дар марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз 27 июни соли 1997 муҳимтарин ҳуҷҷат барои густариш ва эҳёи сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин аҳамияти хеле муҳим дошт.
Саидов З. Ш., сиёсатшинос ва ходимии давлатӣ дар асарҳои худ вобаста ба марҳилаҳои ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон тадқиқоти назаррас анҷом додааст. Ӯ вобаста ба марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон чунин андеша дорад: «Хусусият, инкишоф ва давомнокии ин давра ба ҷанги шаҳрвандии дар кишвар рухдода ва бартараф намудани натиҷаҳои он дар доираи раванди барқарор намудани ризоияти миллӣ алоқаманд аст». Гуфтан мумкин аст, ки қабул созишномаи мазкур яке аз дастовардҳои беназир дар таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он зери роҳбарӣ ва талошу заҳматҳои ҳамешагии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Ин рӯйдоди мазкур барои рушду инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон ва равобити муносибатҳои байналхалқӣ саҳифаи наверо боз намуда, ба хотима бахшидани ҷанги таҳмилӣ дар мамлакат асос гузошт. Баъди қабули созишномаи мазкур дар мамлакат сулҳу субот, рушди соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ, осоиштагии сокинони мамлакат ва ба рушди ҳамкориҳои беруна шароити мусоид фароҳам гардид.
Ҳамин тариқ, аз таҳлили сарчашмаҳо ва таҷрибаи амалии солҳоли нахусти истиқлоли давлатӣ хулоса кардан мумкин аст, ки марҳиллаи аввали ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон як раванди душвори ташаккулёбиро тай намуда барои рушди минбаъдаи муваффақонаи сиёсати хориҷии давлат бо назардошти хусусасиятҳои хос заминаи бунёди гузошт.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳамчун субъекти фаъолу ташаббускор дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи намоёнро соҳиб гардида, бо пешниҳодҳои созгору намунавии худ дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад. Ин мавқеъгирии созгори ҷониби Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷии худ, метавонад нуфуз, эҳтиромнамоӣ, ҷалби шарикони стратегӣ ва амали намудани ҳадафҳои стратегии мамлакатро боло барад.
Набизода Эмомалӣ – номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
