Имрӯз дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6Д.КОА-110-и назди Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ ҳимояи рисолаи номзадии Сайдаҳмадзода Раҷабалӣ Сайдаҳмад, омӯзгори кафедраи нақлиётӣ автомобилии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Таъсири калсий, стросий ва барий ба хосиятҳои физикавӣ-механикӣ ва химиявии хӯлаи алюминийи AlCu4,5Mg1 навъи дюралюминий”, зери роҳбарии Ғаниев Изатулло, доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси: 2.5.16. Маводшиносӣ дар саноати металлургия пешбинӣ мешавад.
