Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомад ба ифтихори “Рӯзи Рӯдакӣ” баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба тарбия, Фирдавс Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён зимни маърузаҳои худ аз фаъолият ва осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан намуда, ташкилу баргузории чунин ҳамоишҳоро нишона аз эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ниёгонамон арзёбӣ карданд.

