Дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модарон баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳӣ ва масъулияти муштараки омӯзгорону волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба волидон оид ба шароити таҳсил, имкониятҳои таълимию тарбиявӣ ва фаъолияти донишҷӯён дар факултет маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи донишгоҳ ва падару модарон дар баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии донишҷӯён нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ волидон бо вазъи таҳсил ва шароити фароҳамовардаи донишгоҳ барои фарзандонашон шинос шуда, ба масъулини факултет саволу пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

