Субҳи имрӯз дар ҳарду минтақаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҷисмонӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба фаъолияти мунтазами варзишӣ доир карда шуданд.
Дар донишгоҳ ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои солимии ҷомеаи донишгоҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Машқҳои пагоҳирӯзӣ низ яке аз тадбирҳои муҳим дар самти таҳкими саломатӣ ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонии омӯзгорону донишҷӯён ба ҳисоб мераванд.

