Имрӯз дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар он Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, роҳбарияти факултет, омӯзгорон ва падару модарони донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии маҷлис таҳкими ҳамкории донишгоҳ бо падару модарон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи донишҷӯён буд. Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои риояи интизоми донишгоҳӣ, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, муносибати масъулиятнок ба таҳсил, истифодаи самараноки вақти холӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Набизода Эмомалӣ таъкид кард, ки дар раванди таълиму тарбия ҳамкории зичи донишгоҳ ва оила нақши муҳим дошта, назорати мунтазами раванди таҳсил ва дастгирии маънавии донишҷӯ аз ҷониби падару модар метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо мусоидат намояд.
Дар идомаи маҷлис миёни падару модарон ва масъулони факултет суҳбату мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба таҳсил ва тарбияи донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо барои таҳкими робитаи донишгоҳ бо оила, баланд бардоштани масъулияти тарафҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбияи донишҷӯён аҳамияти муҳим дорад.

