Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар маҷлис Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, роҳбарияти факултет, омӯзгорон ва падару модарони донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар раванди таълиму тарбия, риояи интизоми донишгоҳӣ, ҳозиршавӣ ба дарсҳо, муносибати дуруст ба таҳсил ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории мунтазами донишгоҳ бо падару модарон дар тарбияи дурусти ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, зарурати ҳамкории бештари падару модарон бо омӯзгорон ва роҳбарияти факултет барои назорати раванди таҳсил ва рафтори фарзандон таъкид шуд.
Дар идомаи маҷлис байни масъулони донишгоҳ ва падару модарон муколамаи озод сурат гирифта, иштирокдорон оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории самараноки донишгоҳ, омӯзгор ва оила метавон барои ташаккули насли донишманд, масъулиятшинос ва соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам овард.

