Имрӯз донишҷӯёни курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба тамошои Осорхонаи вилояти Хатлон ба номи «Авесто» сафарбар гардиданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо осори таърихӣ, нигораҳои бостонӣ ва намунаҳои фарҳанги моддию маънавии халқи тоҷик шинос шуда, дар бораи таърихи пурғановати сарзамини Хатлон маълумоти муфид гирифтанд.
Боздиди донишҷӯён аз осорхона дар баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси гаронбаҳои ниёгон нақши муҳим дорад.

