Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои вобаста ба раванди таълиму тарбия, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои таълимӣ, риояи интизоми донишгоҳӣ ва ҳамкории муассисаи таълимӣ бо волидон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи падару модарон бо омӯзгорон ва масъулони факултет дар баланд бардоштани сатҳи дониш, масъулиятшиносӣ ва тарбияи дурусти донишҷӯён нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, ба волидон оид ба вазъи таҳсил ва иштироки фарзандонашон дар дарсҳо маълумот пешниҳод шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбия тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар фарҷом падару модарон андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуда, барои ҳамкории минбаъда омодагии худро иброз доштанд.

