Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 25.09.2026 басти дуюм дар факултети педагогика ва варзиш толори №103 соати 13:00 дарси кушоди декани факултети педагогика ва варзиш, н.и.п., дотсент Хуҷазода Умед Шароф дар гурӯҳҳои 304, 305 ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ аз фанни назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ (шакли машғулият маърӯзавӣ) дар мавзуи «Таърихи пайдоиш ва инкишофи фанни назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.
