Шоми 23.09.2026 дар асосӣ нақша- чорабиниҳои Шӯъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хисрав дар маҷлисгоҳи китобхонаи донишгоҳ Шурои донишҷӯёни хобгоҳ баргузор гардид.
Дар кори шуро муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Н., мудири шӯъбаи тарбия Набизода Э. Қ, , мудири хобгоҳ, мудири бахши бехатарӣ ва донишҷӯёни хобгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи нақша раис ва аъзоёни Шурои донишҷӯёни хобгоҳ дар ҳузури умум аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои болоӣ ва фаъолу ташаббускор интихобот гардиданд.
Шурои донишҷӯёни хобгоҳ бо мақсади риояи низомномаи хобгоҳ, назорати пайваста ҷиҳати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ, роҳраву ошхонаҳо, истифодаи дурустӣ нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои гуногуни илмию сиёсӣ ва ахлоқи намунавӣ доштан доир гардид.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи тарбия ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар хобгоҳи донишҷӯён пайваста чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ, викторинаҳои саволу ҷавоб ва сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешавад.

