Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар маҷлис оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, иштироки мунтазами донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми дохилидонишгоҳӣ, одоби муошират, масъулияти донишҷӯён ва ҳамкории муассир миёни омӯзгорону падару модарон андешаронӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи донишгоҳ бо падару модарон дар назорат ва дастгирии раванди таҳсил, ташаккули масъулиятшиносӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат нақши муҳим дорад.
Падару модарон низ андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуда, барои беҳтар гардидани сатҳи таҳсил ва тарбияи фарзандон омодагии худро ҷиҳати ҳамкории минбаъда изҳор карданд.
Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ихтисосҳои марбут ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, ба роҳ монда шудаанд.

