
Ҳамасола 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил гардида, ба яке аз санаҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ин сана бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС, имрӯз – UN Tourism) муайян гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти сайёҳӣ ва нақши он дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо мебошад.
Интихоби санаи 27 сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ аҳамияти таърихию институсионалӣ ва мавсимӣ дорад. Маҳз 27 сентябри соли 1970 Оинномаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ қабул гардида, барои ташаккул ва таҳкими заминаҳои институтсионалии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Аз соли 1980 ин сана ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил карда мешавад. Ҳамзамон, аз нуқтаи назари хусусиятҳои мавсимии фаъолияти сайёҳӣ, баргузории ин рӯз дар охири моҳи сентябр низ дорои аҳамияти хос буда, ба анҷоми давраи нисбатан фаъоли сайёҳӣ дар нимкураи шимолӣ ва оғози мавсими сайёҳӣ дар нимкураи ҷанубӣ рост меояд. Аз ин лиҳоз, 27 сентябр на танҳо ҳамчун санаи дорои аҳамияти байналмилалӣ, балки ҳамчун марҳилаи рамзии гузариш байни давраҳои мавсимии рушди сайёҳӣ низ арзёбӣ мегардад.
Моҳияти асосии таҷлили ин рӯз дар шароити муосир аз он иборат аст, ки нақши соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили рушди иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ бештар ба ҷомеа муаррифӣ карда мешавад. Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ низ ба тағйирёбии низоми пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ, тарғиби мавзеъҳои туристӣ, идоракунии ҷараёни сайёҳон ва ташаккули маҳсулоти нави сайёҳӣ таъсири назаррас мерасонад.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси рушди сайёҳӣ баҳисоб меравад. Мавҷудияти захираҳои табиии нодир, кӯҳҳои баланд, кӯлҳо ва дарёҳо, манзараҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, таърихию фарҳангӣ, аграрӣ ва табобатию солимгардонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи хоси ҷуғрофӣ, захираҳои бойи табиӣ, мероси ғании таърихию фарҳангӣ дорои иқтидори назарраси рушди сайёҳӣ мебошад. Хусусияти муҳими захираҳои сайёҳии кишварро кӯҳистонӣ будани релефи он ташкил медиҳад: тақрибан 93 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро минтақаҳои кӯҳӣ фаро гирифтаанд. Ин омил на танҳо симои табиию ҷуғрофии кишварро муайян менамояд, балки барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳии махсусгардонидашуда, аз ҷумла сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, варзишию экстремалӣ, пиёдагардӣ ва саёҳатҳои табиатшиносӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар баробари захираҳои кӯҳӣ, мавҷудияти шабакаи васеи дарёҳо ва кӯлҳо, пиряхҳо, чашмаҳои минералӣ ва обҳои шифобахш, дараҳо, водиҳо ва дигар объектҳои табиӣ имконият медиҳад, ки маҳсулоти сайёҳии кишвар аз рӯи намуд ва ҳудуди ҷойгиршавӣ диверсификатсия карда шавад. Аз ин нуқтаи назар, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ метавонад ба ташаккули самтҳои нави сайёҳӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон танҳо бо захираҳои табиӣ маҳдуд намегардад. Таърихи чандҳазорсолаи минтақа, мавҷудияти ёдгориҳои бостонӣ, шаҳрҳои таърихӣ, осори меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои тоҷикон дар ташаккули маҳсулоти фарҳангиву маърифатии сайёҳӣ аҳамияти махсус доранд. Ёдгории бостонии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон ва унсурҳои гуногуни мероси фарҳангии ғайримоддии тоҷикон, ки дар доираи барномаҳои ЮНЕСКО эътироф шудаанд, имкониятҳои кишварро барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва экологӣ боз ҳам васеъ менамоянд.
Бо назардошти ин, дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи оқилона ва устувори захираҳои табиӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, такмили инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва васеъ намудани истифодаи технологияҳои рақамӣ алоқаманд мебошад. Махсусан, ташаккули хатсайрҳои маҷмӯии сайёҳӣ, ки дар доираи як барнома имкони шиносоӣ бо табиат, таърих, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро фароҳам месозанд, метавонад ба баланд бардоштани ҷолибияти Тоҷикистон ҳамчун самти сайёҳии байналмилалӣ мусоидат намояд.
Дар шароити муосир соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва фаъол гардидани иқтисодиёти минтақаҳо замина фароҳам меоварад. Таъсири иқтисодии сайёҳӣ на танҳо ба субъектҳои мустақими соҳа, балки ба меҳмонхонаҳо, нақлиёт, тарабхонаҳо, ҳунармандӣ, савдо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ васеъ паҳн мегардад.
Аҳамияти соҳаи сайёҳӣ махсусан барои рушди деҳот ва минтақаҳои кӯҳистон бештар ба назар мерасад. Ҷалби сайёҳон ба маҳалҳо метавонад талаботро ба маҳсулоти маҳаллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ афзоиш дода, ба рушди соҳибкории хурд ва баланд гардидани фаъолияти иқтисодии аҳолӣ мусоидат намояд. Дар ин замина, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ ва истифодаи иқтидори минтақаҳо равона гардида, солҳои 2018 ва 2019–2021 ба рушди соҳаи сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Илова бар ин такид намудан лозим аст, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти сайёҳии табиӣ ва кӯҳӣ низ афзоиш ёфтааст. Ин раванд барои кишвар имконияти густариши бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ ва муаррифии иқтидори табиӣ, таърихию фарҳангии онро фароҳам меоварад. Ҳамзамон, истифодаи самараноки ин имкониятҳо такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди кадрҳои касбӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва ҳифзи захираҳои табииро тақозо менамояд.
Хулоса, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сифатӣ ворид гардида, тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо табдил меёбад. Афзоиши ҷараёни сайёҳон дар солҳои 2024–2025, густариши инфрасохтори сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти дастгирии давлатӣ барои истифодаи самараноки иқтидори табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва иқтисодии соҳа заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар шароити муосир самаранокии рушди сайёҳӣ бояд на танҳо аз рӯи шумораи сайёҳони воридшаванда, балки аз рӯи сифати хизматрасонӣ, сатҳи рақамикунонии соҳа, ҳаҷми сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромадҳои сайёҳӣ ва қаноатмандии сайёҳон арзёбӣ гардад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки натиҷаҳои воқеии рушди соҳа ва саҳми он дар иқтисоди миллӣ ба таври объективӣ муайян карда шаванд.
Ҳамин тавр, дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули модели рақобатпазир, рақамӣ ва устувори соҳа вобаста буда, самаранок истифода намудани иқтидори табиӣ ва фарҳангӣ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкории маҳаллӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонанд сайёҳиро ба яке аз муҳаррикҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъсиси шуғли нав ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ табдил диҳад.
Наимзода Бекмурод,
н.и.и., дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
