Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор шуда, дар кори он муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилони халқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои муҳими рушди соҳаҳои футбол ва сайёҳӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 сентябри соли 2022, №294 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №516 “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» ва масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2023, №25 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Оид ба масъалаи якум муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ҳисобот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки барои татбиқи Барномаи рушди футбол дар солҳои охир дар вилоят корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 10 муассиса ба футбол махсус гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар мактабҳои махсуси футбол ва мактабҳои варзишӣ 349 гурӯҳи футбол бо фарогирии 6282 кӯдакону наврасон ва ҷавонон фаъолият доранд.
Ҳамзамон, дар давраи амалишавии Барнома дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 158 варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии 141,1 миллион сомонӣ сохта, азнавсозӣ ва ба истифода дода шудаанд. Дар вилоят айни ҳол 42 варзишгоҳ фаъолият дошта, барои рушди футбол ва баргузории мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки маблағгузорӣ ба рушди футбол низ сол ба сол афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ дар давраи амалишавии Барномаи рушди футбол 47,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 118,5 фоизи маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Дар баробари рушди футболи мардона, ба футболи бонувон ва кӯдакону наврасон низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидааст. Шумораи дастаҳои футболи духтарона аз 18 дастаи соли гузашта ба 30 даста расонида шуда, 36 нафар футболбоздухтарони вилояти Хатлон ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар синну соли гуногун шомил мебошанд. Шумораи дастаҳои футболи кӯдакону наврасон низ аз 88 ба 99 даста расидааст.
Оид ба масъалаи дуюм сардори Раёсати рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳмонов Ҷамшед ҳисобот дода, доир ба рафти татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ маълумот пешниҳод намуд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 133 меҳмонхона, 152 мавзеъи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ ва 19 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Дар солҳои охир шумораи сайёҳон низ афзоиш ёфта, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2026 ба вилояти Хатлон 1 миллиону 247,2 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 1 миллиону 155,2 ҳазор нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 91,9 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар солҳои 2023-2026 дар вилоят беш аз 25 хатсайри сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ, агросайёҳӣ ва табобатию солимгардонӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Ҳамзамон, барои рушди минбаъдаи агросайёҳӣ, экосайёҳӣ ва сайёҳии табобатию солимгардонӣ «Харитаи роҳ» таҳия гардидааст.
Дар анҷоми иҷлосия раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулони соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

