Имрӯз дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷавононеро, ки барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешаванд, табрик гуфта, ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддас ва қарзи муҳими шаҳрвандии ҳар як ҷавон арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби муҳими тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавӣ буда, дар ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ҷасорат, интизом ва садоқат ба Ватан нақши муҳим дорад.
Маъракаи даъвати имсола дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба ҷавонони даъватшаванда таъкид гардид, ки давраи хизмати ҳарбиро самаранок истифода бурда, дониш ва малакаҳои ҳарбиро аз худ намоянд, интизоми хизматиро риоя карда, бо рафтори шоиста номи хонавода ва зодгоҳи худро баланд бардоранд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ нақши падару модарон дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омодагӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ махсус таъкид гардид.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони вилояти Хатлон ба чорабинӣ фазои идона бахшид.
Дар идомаи маросим анъанаи неки миллии «нонгазон» баргузор гардид. Модарон ва гулдухтарон ба наваскарон рӯймолчаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳоро бо дуои нек ба хизмати Ватан гусел карданд.
Ҷавонони сафарбаршуда барои пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адои содиқонаи қарзи шаҳрвандии худ ба роҳ баромаданд.

