2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов дар доираи тадбирҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 4 ҳазору 284 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 500 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Иншоот аз 18 ошёна ва инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар қабатҳои якуму дуюм маркази савдои Ширин бо 120 ҷойи корӣ ва мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ бо 60 ҷойи кори ташкил карда шудааст. Инчунин қаҳвахона бо 60 ҷой дар ошёнаи якум пешбинӣ шудааст.
Маҷмаа, ҳамчунин, дорои толори машқу тамрин, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, тарабхона, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.
Дар иншоот 6 лифт, аз ҷумла 2 лифти панорамавӣ ва 6 эскалатор насб гардидааст. Дар маҷмуъ баъди ба истифода додани маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим зиёда аз 250 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар саҳни иншоот гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шуда, фаввораҳо бунёд ёфтаанд ва ҳамаи ин ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Барои фароғати меҳмонон ва бошандагон нишастгоҳҳо, майдончаҳои бозии кӯдакона низ пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумат кишвар ба соҳибкорони ватанӣ миннатдорӣ баён намуда, онҳоро ба идомаи бунёдкорӣ баҳри пешрафту тараққиёти Ватан ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин, дар гушаи дигар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд, ки бозгӯ аз таърихи пурғановати миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва маҳсули ҳунармандони шаҳри Истаравшан мебошанд.

