Чист озодӣ? Бурун аз ҷода по нагзоштан!По бурун аз ҷодаи шарму ҳаё нагзоштан.
Шарм имон асту инсоф асту адлу дод низ,
По хилофи адлу инсофу вафо нагзоштан.
Бо низоми зиндагии иҷтимоӣ сохтан,
Ҳарфи қонун ҳеҷ гаҳ беэътино нагзоштан.
Шӯр хезонад, низоми зиндагиро бишканад
Ҳаққу ҳам масъулиятро ҷо ба ҷо нагзоштан.
Рутбаи инсонии моро бурун меафканад
Сарҳаде байни равову нораво нагзоштан.
Ҳаст Сарқонуни кишвар дар масал киштии Нуҳ
Умри мардумро ба гирдоби бало нагзоштан.
Ҳаст қонун, ҳаст тартибе барои зистан,
Бар ҳарими ҳар касе инсофи по нагзоштан.
Сафармад Аҳмадов, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
