Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Конститутсия — пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва омӯзгорону донишҷӯён доир гардида, ҳадафи он шарҳу тавзеҳи аҳаммияти таърихию ҳуқуқии Конститутсия, таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва арҷгузорӣ ба ин санади муҳимми сарнавиштсози миллат буд.
Нахуст, Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.
Сипас, директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим дар мавзуи «Волоият ва айнияти конститутсионӣ-ҳуқуқии соҳибихтиёрии давлат» маъруза намуда, паҳлуҳои муҳими соҳибихтиёрии давлатӣ ва нақши Конститутсияро дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии донишгоҳ А. Аминизода дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» суханронӣ карда, доир ба арзишҳои конститутсионӣ, кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва аҳаммияти риояи меъёрҳои қонунгузорӣ андешаронӣ намуд.
Дар идома омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии донишгоҳ Шоҳиён Д. дар мавзуи «Конститутсия — заминаи бунёди низоми давлатдории муосир» маърӯза пешниҳод намуда, нақши ин санади тақдирсозро дар ташаккул ва рушди низоми давлатдорӣ шарҳ дод.
Дар қисмати мубодилаи афкор иштирокдорон доир ба аҳаммияти Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб рафта, омӯзиши амиқи мазмуну муҳтавои он дар тарбияи насли ҷавони ватандӯсту қонунмеҳвар нақши муҳим дорад.

