Имрӯз дар мавзеи таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар озмоишгоҳи зоология дарси озмоишии омӯзгори кафедраи зоология Рамазони Маҳимбек бо донишҷӯёни гурӯҳи 205-и ихтисоси химия-биология баргузор гардид.
Дарси озмоишӣ дар мавзуи “Омӯзиши сохти морфологӣ ва анатомии моҳиҳо” баргузор шуда, мақсади асосии он шинос шудани донишҷӯён бо хусусиятҳои зоҳирӣ ва сохти дохилии моҳиҳо, омӯзиши системаи узвҳои моҳиҳо, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ тавасути мушоҳида ва корҳои амалӣ аст.
Дар ҷараёни машғулият донишҷӯён бо истифода аз усулҳои амалӣ донишҳои назариявии худро такмил дода донишу малакаҳои касбии худро дар самти омӯзиши олами ҳайвонот тақвият бахшиданд.
Чунин дарсҳои амалӣ барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди тафаккури илмӣ, ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоварад.

