Дар Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI – и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ табрик намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми сарнавиштсоз дошта, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Сипас, мушовири ректори донишгоҳ Ализода Аҳмадҷон оид ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI – и Шурои Олӣ ва нақши он дар муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, вакил ва иштирокчии Иҷлосияи XVI- и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исанқулов Эшбурӣ аз рӯйдодҳои муҳими он давра ёдовар шуда, доир ба фазои мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ва аҳаммияти қарорҳои қабулгардида андешаҳояшро баён кард.
Шоир ва иштирокчии Иҷлосияи мазкур Амиршоҳи Хатлонӣ низ дар суханронии худ аз нақши таърихии ин иҷлосия дар сарнавишти миллати тоҷик ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар гардид.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ҳунарӣ идома ёфт. Нахуст, хонандагони Литсейи назди донишгоҳ бо композитсияи адабию саҳнавии «Аз оташи ҷанг то шуълаи сулҳ» баромад намуданд.
Сипас, Ниёзов Фаридун бо навозиши асари мусиқии «Навои сабоҳ» ҳунари худро ба намоиш гузошт. Ҳунарманди ансамбли вилоятии фолклорию этнографии «Хутал» Ҳоҷиматова Назокат сурудҳои «Тоҷикистон» ва «Бачаи Хатлон»-ро иҷро кард.
Ҳамчунин, гурӯҳи рақсии хонандагони Литсейи назди донишгоҳ бо рақси ҷолибу диданӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Омӯзгори донишгоҳ Мирзозода Меҳриддин бо иҷрои сурудҳои «Кабки қафас» ва «Ту меарзӣ» ба барномаи фарҳангӣ ҳусни дигар зам намуд.
Барномаи фарҳангӣ бо композитсияи «Сарвари мо ҷонфидои миллат аст» дар иҷрои хонандагони Литсейи назди донишгоҳ идома ёфта, ба чорабинии тантанавӣ шукӯҳи хосса бахшид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI -и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон инъикос намуд.


