Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шерализода Гулмурод Шералӣ, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар муассиси пешбар баромад намуд.
Рисолаи илмӣ дар мавзуи «Асосҳои методии омӯзиши функсияҳои тригонометрӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» таҳия гардидааст.
Зимни баромад Шерализода Гулмурод Шералӣ ба масъалаҳои муҳими таҳқиқот, аҳаммияти назариявию амалии он, навгониҳои илмӣ ва натиҷаҳои бадастомада таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андеша ва мулоҳизаҳои илмии худро доир ба мазмуну муҳтавои рисола баён кард.
Ҳамзамон, ҷиҳати такмили ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии таҳқиқот пешниҳодҳои судманд манзур намуда, аҳаммияти истифодаи технологияҳои иттилоотиро дар баланд бардоштани самаранокии таълими математика дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъкид намуд.

