Таҳти ин унвон барои донишҷӯёни риштаҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва журналистони ҷавон воситаи таълимӣ таҳия гардид. Муаллифони он сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода ва устоди кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ Комрон Расулзода мебошанд.
Ин китоб, ки аз 480 саҳифа иборат аст, ба омӯзиши назариявию амалии жанрҳои матбуоти даврӣ равона шудааст. Муаллифон бо такя ба дастовардҳои илми журналистика ва таҷрибаи матбуоти маҳаллӣ, хоса рӯзномаи вилоятии «Хатлон», тасниф, нақш ва аҳаммияти жанрҳоро дар ташаккули муҳтавои нашрияҳои даврӣ баррасӣ намудаанд. Дар баробари ин, китоб барои ташаккули тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва иҷтимоии журналист равона шудааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми китоб робитаи пайвастаи назария бо таҷрибаи воқеии матбуоти даврӣ мебошад. Дар он ба ҷойи маҳдуд шудан ба таърифу тавсифи назариявии жанрҳо, намунаҳои мушаххаси матбуотӣ пешниҳод гардидаанд. Мисолҳои асосии амалии китоб аз рӯзномаи вилоятии «Хатлон» гирифта шуда, барои ҳар як жанр хусусиятҳои матн, сохтор, тарзи баён ва имкониятҳои эҷодии он нишон дода мешаванд. Ҳамин робитаи назария ва таҷриба яке аз хусусиятҳои асосии китоби мазкур мебошад.
Боби якуми китоб оид ба жанрҳои хабарӣ, боби дуюм дар бораи жанрҳои таҳлилӣ ва боби сеюми он оид ба жанрҳои публитсистӣ-бадеӣ маълумот медиҳад. Дар боби чорум муаллифон доир ба усулҳои кори журналист бо иттилоот ва шаклҳои пешниҳоди натиҷаҳои таҳлил маълумот медиҳанд. Дар воситаи таълимӣ ҳамчунин саволномаҳои тестӣ низ пешниҳод шудаанд.
– Зарурати таҳияи чунин воситаи таълимӣ аз он бармеояд, ки низоми жанрии журналистика падидаи собит ва тағйирнопазир нест, – менависанд муаллифон Н. Маъмурзода ва К. Расулзода дар муқаддимаи китоб. – Он дар робита бо тағйироти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва технологӣ пайваста рушд мекунад. Ташаккули жанрҳо аз ниёзҳои амалии матбуот сарчашма гирифта, бо рушди воситаҳои ахбор ва тағйир ёфтани талаботи аудитория шаклҳои нави пешниҳоди иттилоот ба вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, жанрҳоро бояд ҳамчун низоми зинда, тағйирёбанда ва вобаста ба хусусиятҳои муҳити иттилоотӣ дарк кард.
Умед аст, ки ин китоб дониши назариявии донишҷӯёнро ғанӣ гардонида, бо мисолҳои амалӣ ва тавсияҳои методӣ маҳорати эҷодии онҳоро тақвият мебахшад. Он метавонад ҳамчун манбаи ёрирасони таълимӣ барои фанҳои «Асосҳои фаъолияти эҷодии рӯзноманигорӣ», «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон», «Маҳорати журналистӣ» ва ҳамчун роҳнамо барои рӯзноманигорони амалкунанда низ истифода гардад.
Чопи воситаи таълимии «Жанрҳои матбуоти даврӣ: назария ва амалия» ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 95-солагии рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бахшида шудааст.
