Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бо иштироки донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда викторинаи саволу ҷавоб баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва шиносоии бештари ҷавонон бо таърихи давлатдории навини Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Зимни викторина донишҷӯён донишу малакаи худро оид ба таърихи Истиқлоли давлатӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар санҷида ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони викторина барои иштироки фаъолона ва нишон додани донишу маҳорати хуб бо китобҳои бадеӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

