Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибихтиёрии давлат буда, таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва ормонҳои созандаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Он на танҳо нишонаи фарқкунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ, балки ифодагари ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рамзи сарҷамъии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар имконияти муносибест, ки ба таърихи давлатдории миллӣ, арзишҳои истиқлолият ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан назар афканда, эҳтироми худро нисбат ба муқаддасоти давлатӣ боз ҳам таҳким бахшад.
Таърихи пайдоиш ва истифодаи парчам ба давраҳои қадими ташаккули тамаддуни башарият иртибот дорад. Дар ҷомеаҳои ибтидоӣ ва давлатҳои нахустин барои муайян намудани мансубияти қабилавӣ, ташкили қувваҳои ҳарбӣ, нишон додани мавқеи сарварон ва ифодаи рамзҳои эътиқодиву фарҳангӣ аз нишонаҳои махсус истифода мекарданд. Бо мурури замон ин нишонаҳо шакли мукаммалтар гирифта, ба парчамҳои давлатӣ ва ҳарбӣ табдил ёфтанд.
Парчам дар таърихи давлатдории халқҳои гуногун ҳамчун рамзи муттаҳидсозӣ, соҳибихтиёрӣ, пирӯзӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамин нақши муҳим бозидааст. Он дар лаҳзаҳои муборизаҳои озодихоҳона, муҳорибаҳои таърихӣ ва маросимҳои муҳими давлатӣ рамзи умед, ирода ва эътимоди мардум ба ояндаи худ маҳсуб мешуд.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, бахусус дар достони Коваи оҳангар, нақши парчам дар муттаҳид намудани мардум ва мубориза барои озодӣ ба таври барҷаста тасвир шудааст. Мувофиқи ривояти ҳамосавӣ, Коваи оҳангар пешдомани чармини худро ҳамчун дирафш баланд намуда, мардумро ба мубориза бар зидди зулми Заҳҳок даъват мекунад. Мардум дар атрофи ин рамз муттаҳид шуда, муборизаро идома медиҳанд ва дар ниҳоят пирӯз мегарданд.
Дар тӯли таърих парчамҳо вобаста ба хусусиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давлатҳо шакл, ранг ва рамзҳои гуногунро касб намудаанд. Бо ташаккули давлатҳои миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ парчам тадриҷан ба яке аз унсурҳои асосии муайянкунандаи соҳибихтиёрии давлат табдил ёфт.
Дар ҷаҳони муосир парчами давлатӣ ҳамчун рамзи расмии давлат дар муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ истифода мешавад. Он ифодагари мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, ягонагии ҳудудӣ ва мансубияти миллии шаҳрвандон мебошад.
Яке аз марҳилаҳои муҳим дар ин самт 20 марти соли 1953 ба ҳисоб меравад, ки тибқи қарори дахлдори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тарҳи нави парчами ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Он аз рахҳои уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар қисми болоии сурх досу болға ва ситораи сурх ҷойгир карда шуда буданд.
Бо фаро расидани давраи бозсозӣ ва оғози равандҳои соҳибистиқлолӣ зарурати таҷдиди рамзҳои давлатии Тоҷикистон ба миён омад. 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардида, масъалаи ташаккули рамзҳои нави давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо кард.
28 июни соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии ҷумҳурӣ қарор қабул намуда, барои таҳияи намунаҳои нави онҳо озмун эълон кард.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин иқдом дар баланд бардоштани мақоми Парчами давлатӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми шаҳрвандон ба муқаддасоти миллӣ нақши муҳим гузоштааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ рамзҳои давлатӣ ҳамчун воситаи муаррифии давлат ва миллат дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд. Парчами Тоҷикистон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ҳамчун рамзи расмии давлати соҳибистиқлол афрохта мешавад.
Яке аз дастовардҳои назаррас дар самти арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ бунёди манораи бузурги он дар шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2011 дар пойтахти мамлакат манораи Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр мавриди истифода қарор гирифт. Ин иншооти муҳташам на танҳо аз ҷиҳати меъморӣ аҳаммияти хос дорад, балки ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳни шаҳрвандон ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст.
Бунёди чунин иншооти рамзӣ шаҳодати таваҷҷуҳи давлат ба гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон мебошад.
Имрӯз Парчами давлатӣ моро ба ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвар ҳидоят менамояд. Он рамзи ягонагии мардум, пайванди наслҳо ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад.
Аз ин рӯ, гиромидошти Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар рӯзи таҷлили он, балки дар тамоми рӯзҳои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон таҷассум ёбад. Зеро эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Муҳвммал Неъматзода,
муовини декан оид ба тарбияи
факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ
