Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз имкониятҳои таълимию техникӣ ва фаъолияти факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот боздид ба амал овард.
Зимни боздид ректори донишгоҳ бо вазъи таълим, шароити фароҳамовардашуда барои омӯзгорону донишҷӯён, имкониятҳои озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти муосири техникӣ ва раванди истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос гардид.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди малакаҳои амалии донишҷӯён, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тақвияти корҳои илмию таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо масъулони факултет барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Чунин боздидҳо ба омӯзиши вазъи воқеии факултетҳо, муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи раванди таълиму тарбия мусоидат менамоянд.

