Донистани таърих, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузории суннатҳои фарҳанги маънавӣ ва ахлоқи миллӣ, ҳурмату эҳтиром гузоштан ба рушду такомул додани анъанаҳои таърихии ниёгон ва ҷойгоҳи ин арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ дар устувору пойдор намудани ҷаҳонбинӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ба ахлоқи ҷомеаи муосир, бешубҳа, нақши бориз доранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Чеҳраҳои мондагор” дар ин мавзуъ фикру андешаҳои хешро изҳор намуда, чунин овардааст: “Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корнамоиҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳар чи бештар насли имрӯзаро огоҳ намоем”.
Бояд тазаккур дод, ки дар тули таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мутафаккирони зиёди оламшумуле ба саҳнаи зиндагии башарият зуҳур карданд, ки дар ташаккул ва такомули илм, адабиёт, фарҳанг, маърифат, маънавиёт ва ахлоқи на фақат миллати тоҷик, балки тамоми башарият нақши бузургеро бозидаанд. Дар байни фарзандони фарзонаи халқи тоҷик мутафаккири бузурги оламшумул Абуалӣ ибни Сино низ саҳми шоиста ва арзандаи хешро дар ташаккул ва рушди тамаддуни башар гузоштааст.
Ҳамин нуктаро бояд таъкид намуд, ки афкори педагогии Абуалӣ ибни Сино хусусан дар шароити рушди ҷомеаи муосири мо аҳамияти маърифатӣ, маънавӣ ва ахлоқиро ба худ касб кардаанд. Чунки дар раванди бунёд ва сохтмони ҷомеаи миллӣ дар баробари риояи меъёрҳои байналхалқии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба мо лозим меояд, ки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии халқи хешро низ ба ҳайси унсури идеологияи асосии миллӣ пурсамар истифода намоем.
Мутафаккири бузург дар осори илмиву адабии худ ташаккул ва рушд додани сифатҳои маънавӣ ва ахлоқиро дар насли ҷавон яке аз вазифаҳои умдаи таълим ва тарбия ҳисобидааст. Абуалӣ ибни Сино ақидаҳои маънавӣ ва ахлоқии худро дар як қатор асарҳояш, ба монанди “Донишнома”, “Пирӯзнома”, “Тадбири манзил”, “Зафарнома” ва ғайра мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор додааст.
Ақидаҳо ва андешаҳои маънавию ахлоқии Ибни Сино имрӯз низ, ки раванди ҷаҳонишавӣ тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, оид ба сифатҳои ахлоқӣ, ба монанди инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, ваҳдату ягонагӣ, меҳнатдӯстӣ, ифтихори миллӣ таҳаммулпазирӣ, поктинатӣ, ростқавлӣ, ҳақиқатпарастӣ, некиву накукорӣ, худогоҳиву худшиносӣ, адлу инсоф ва амсоли инҳо, бешубҳа, ба орзую ормонҳои деринаи халқи тоҷик ҳамсадову ҳамоҳанг мебошад.
Дар таълимоти педагогии ибни Сино масъалаи ташаккул ва рушди сифатҳои маънавӣ ва ахлоқӣ мавқеи меҳвариро ишғол менамояд. Ба ақидаи мутафаккир, хислатҳои маънавиву ахлоқии инсон на модарзодӣ, балки бо муҳити иҷтимоӣ вобаста буда, дар раванди муносибат ва муоширати бойи худи одамон ташаккул ва рушд меёбад. “Касе, ки мехоҳад, ахлоқи хешро ислоҳ намояд, – таъкид кардааст файласуфи бузург, – бояд аз ахлоқ ва рафтори мардум огоҳ шуда, онро бо ахлоқ ва рафтори худ муқоиса бинамояд ва бидонад, ки ӯ ҳам монанди дигарон аст, афроди башар мисл ва шабеҳи ҳамдигаранд”.
Чӣ тавре аз гуфтаҳои боло аён мегардад, Ибни Сино дар таълимоти ахлоқии хеш бо мақсади ҳар чи беҳтару нишонрас будани тарбияи сифатҳои ахлоқӣ дар ниҳоди инсон истифодаи тарзу усули қиёсро тавсия додааст. Ба қавли ӯ, агар ҳар як фарди ҷомеа ба воситаи тарзу усули қиёс намудани сифатҳои ахлоқии худ бо одамони гирду атроф имкони ошкор кардани сифатҳои бади ахлоқии худро пайдо намоед, дар вақташ метавонад ба ислоҳи онҳо камар баста, ба хислатҳои ахлоқи ҳамидаи одамӣ ноил гардад.
Ҳамин тавр, мебинем, ки Ибни Сино дар раванди тарбияи маънавӣ – ахлоқии инсон ба инобат гирифтани хусусиятҳои психологӣ, яъне ҳиссиёт, ҳолатҳои руҳиву равонии шахсро тавсия додааст.
Тибқи андешаҳои педагогии Ибни Сино, мақсади асосии тарбияи ахлоқии инсон дар ниҳоди худ ташаккул ва рушд додани хислатҳои нек ва аз худ нест ва барҳам додани хислатҳои бади одамӣ иборат мебошад. Масалан, ӯ дар “Пирӯзнома” ба тарзи хоси худ чӣ тавр ба дигарон некӣ карданро чунин талқин кардааст:
“Гуфтам:
– Некуӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?
Гуфт:
– Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некуиҳост.
Гуфтам:
– Аз зиндагонӣ кадом соат зоеътар аст?
Гуфт:
– Он соат, ки некуӣ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад.
Гуфтам:
– Накуӣ ба чанд чиз тамом мешавад?
Гуфт:
– Ба тавозуи, хоксории бетавқеъ-ҳукм ва саховати беминнат ва хидмати бе талаби мукофот”.
Бояд тазаккур дод, ки Ибни Сино дар таълимоти ахлоқии худ сифатҳои ахлоқи ҳамидаи инсониро бо ақл дар ҳамбастагӣ медонист. Зеро, ӯ таъкид мекард, ки дар муносибат ва рафтори неку бади инсон ақл бевосита таъсири худро мерасонад. Ба қавли мутафаккири бузург, ақли фаъол (расо) ба инсон дар рафти муносибату муоширати ӯ бо дигарон, муайян намудани баду нек ёрии бевоситаи худро мерасонад. Аз ин рӯ, инсон дар давоми ҳаёти худ ба ақли фаъол такя намуда, рафтор, гуфтор, муносибат ва муоширати хешро роҳандозӣ мекунад.
Омӯзиш ва таҳлили осори Ибни Сино аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ дар баробари ситоиш намудани сифатҳои ахлоқи неки инсонӣ, ҳамзамон, сифатҳои баду шарри инсонӣ, ба монанди дурӯғгӯӣ, тамаъкорӣ, ҳилаву найранг, чоплусӣ, ғайбат, худписандӣ, фосиқӣ, такаббурӣ ва ғайраро мазаммат кардааст. Ба ақидаи ӯ, бо мақсади бартараф кардани нуқсонҳои ахлоқӣ ба ҳар як инсон муҳим аст, ки дар навбати аввал аъмоли худро омӯхта, таҳлил карда, норасоиву нуқсонҳои ҷойдоштаро ба хубӣ дарк намуда, баъдан ба ислоҳи онҳо кӯшиш ба ҳарҷ диҳад. Дар акси ҳол, ислоҳи онҳо хеле мушкил мешавад.
Ҳамин тавр, Ибни Сино дар таълимоти маънавӣ-ахлоқии худ масъалаи некиву бадиро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, таъкид кардааст, ки хислатҳои маънавию ахлоқии нек ва бади инсонӣ бояд ҳамеша зери назорати ақлу хиради фаъоли ҳар як шахс қарор дошта бошад. Зеро, ӯ боварӣ дошт, ки ақлу хиради инсонӣ қодир аст, хислатҳои ахлоқии ӯро ҳамеша зери назорат гирифта, бо роҳи росту ҳақиқат равона созад.
Масъалаи дигаре, ки Ибни Сино дар таълимоти ахлоқии хеш мавриди баррасӣ қарор додааст, ин алоқаманд будани сифатҳои ахлоқии инсон ба тарбияи нафсии ӯ мебошад. Ба ақидаи Ибни Сино, нафс дар ҳаёти инсон яке аз омилҳои асосии он ба ҳисоб рафта, аммо он низ дар тобеияти ақл қарор дорад, яъне нафсро низ ақл идора менамояд.
Тибқи андешаҳои маънавӣ-ахлоқии мутафаккири бузург, моҳият ва ҳастии худи инсон ҳам аз ақли нафсӣ иборат аст. Зеро, ки маҳз ақли инсон ва бошуурӣ муносибат, муошират ва рафтору кирдори ӯро идора ва назорат менамояд. Аз ҳамин ҷост, ки файласуфи оламшумул барои аҳмияти инсон нафси ақлӣ ва бошуурро нисбат ба дигар нафсҳо авлотару афзалтар ҳисобидааст.
Ба ақидаи Ибни Сино, дар вуҷуди инсон ба ғайр аз нафси ақлӣ боз нафси ҳайвонӣ низ арзи ҳастӣ дорад. Ӯ гаштаву баргашта дар осори хеш таъкид кардааст, ки муносибат ва рафтору кирдорҳои зӯроварӣ, бадӣ ва ҷангу хархашаҳои байни одамон ин вуҷуд доштани нафси ҳайвониро дар ниҳоди инсон исбот менамояд. Шайхураис дар рисолаи “Тадбири манзил” дар ин мавзуъ чунин овардааст: “Нафс чизест, ки одамро ба корҳои зишту паст ва нораво тела медиҳад, вале ин нафс ҳам дар таҳти тадбири ақл идора мешавад”.
Ҳамин тариқ, аз андешаҳои мутафаккири бузург ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳар як инсон дар давоми зиндагии худ набояд ғулом ва побанди нафс (ҳавою ҳавас) шавад, балки нафсро тобеи ақлу хиради худ намояд.
Нуктаи дигареро бояд мавриди таҳлил қарор диҳем, ки дар таълимоти ахлоқии Ибни Сино масъалаи тамаъ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи муҳимро ба худ касб кардааст. Мутафаккир тамаъро яке аз хислатҳои бади инсонӣ ҳисобида, таъкид кардааст, ки он инсонро оқибат ба шармандагиву беобрӯӣ оварда мерасонад. Ӯ дар ин хусус дар асараш
“Пирӯзнома” чунин таъкид кардааст:
“Гуфтам:
– Чист, ки ҳамият, номусро барад?
Гуфт:
– Тамаъ”.
Ӯ яке аз роҳҳо ва тарзу усулҳои аз тамаъ ва тамаъкорӣ дур кардани инсонро дар ҳисси баланди меҳнатдӯстии ӯ медонист. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаро ба меҳнати ҳалолу содиқона даъват намуда, таъкид карда буд, ки танҳо ба воситаи меҳнат инсон метавонад аз тамаъ халосӣ ёбад.
Масъалаи муҳимми дигаре, ки Ибни Сино дар таълимоти маънавӣ – ахлоқии худ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст, ин дур кардан аз хислати бади инсонӣ-бахилӣ мебошад. Ба андешаи файласуф, шахсоне, ки дар ниҳодашон ҳисси бахилӣ ва ҳасудӣ аланга мезанад ва ҳамеша ҳасади дигаронро мехӯранду ба онҳо бахилиро раво мебинанд, дар зиндагӣ байни мардум қадру қимат ва эҳтироме надоранд. Бахилӣ ва ҳасудӣ, ба қавли Абуалӣ ибни Сино, инсонро ба азобу шиканҷаи руҳиву равонӣ гирифтор намуда, оқибат дар қалби вуҷуди ӯ ҳисси бадбинӣ, низоъ ва душманиро ба вуҷуд меорад. Аз ин ҷост, ки Ибни Сино дар асараш “Пирӯзнома” чунин таъкид карда буд:
“Гуфтам:
– Чи чизест, ки муваддат – дӯстиро хароб мекунад?
Гуфт:
– Чаҳор чиз: бузургонро бахилӣ, донишмандонро уҷб-худписандӣ, занонро бешармӣ ва мардонро дурӯғ гуфтан”.
Бояд зикр намоем, ки таълимоти маънавиву ахлоқии Абуалӣ ибни Сино хеле фарох ва доманадор аст. Дар ин сутур мо танҳо якчанд сифатҳои маънавӣ-ахлоқии осори ӯро мавриди таҳлил қарор додем, ки ба андешаи мо барои наслҳои имрӯзу ояндаи мардуми тоҷик хеле муҳим ва арзишманд ба ҳисоб мераванд.
Аз фикру андешаҳои маънавиву ахлоқии Ибни Сино, ки дар боло зикрашон рафт, аён мегардад, ки ӯ сифатҳо ва хислатҳои маънавиву ахлоқии неку бади инсонро ба риштаи таҳқиқу тадқиқ кашида, кӯшиш кардааст, ки аз диди талаботи давру замони худ ин муаммои маънавиву ахлоқиро аз ҳастӣ ва вуҷуди худи инсон кушода ва ба худи ӯ пешкаш намояд.
Дар охири сухан, бояд зикр намоем, ки омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи таълимоти маънавӣ-ахлоқии Абуалӣ ибни Сино дар шароити рушди ҷомеаи муосир на танҳо аҳамияти тарбиятиву маърифатии худро аз даст надодаанд, балки муҳиммият ва зарур будани он дар раванди тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврасу ҷавон беш аз пеш меафзояд. Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки таълимоти маънавӣ ва ахлоқии ин марди оламшумули хирад дар оянда низ метавонад дар таълиму тарбияи наслҳои пешомади на танҳо халқи тоҷик, балки башарият саҳми босазову арзандаи худро гузорад.
Раҷабализода Фаридун, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав
