Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз раванди баргузории дарсҳо дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид ректори донишгоҳ бо ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ, сатҳу сифати дарсдиҳӣ, иштироки донишҷӯён, фаъолияти омӯзгорон ва шароити таълимии факултет шинос гардид.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи интизоми таълимӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи менеҷмент ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ректори донишгоҳ ба масъулони факултет ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим, тақвияти масъулияти омӯзгорону донишҷӯён ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Боздидҳои мунтазами роҳбарияти донишгоҳ аз раванди таълим ба таҳкими назорати сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти иштирокчиёни раванди таълиму тарбия мусоидат менамоянд.

