Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии донишгоҳ боздид намуда, бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид ректор ба масъулони соҳаи сохтмон ҷиҳати бо сифати баланд, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонии бинои мазкур, ки муддати муайян ба таъхир афтода буданд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав оғоз гардидаанд.
Идомаи корҳои сохтмонӣ қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, беҳтар намудани заминаи моддию техникии донишгоҳ ва баланд бардоштани сифати таҳсил ба шумор меравад.

