Дар тақвияти мақолаи Саймумин ЯТИМОВ дар мавзуи «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ»
Устод Садриддин Айнӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангу адаби асри гузашта маҳсуб ёфта, ҳамчунин донишманд, тарҷумон ва шоири адабиёти навини тоҷик шинохта мешавад. То ба имрӯз садҳо нафар олимону муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони дохиливу хориҷи кишвар дар мавзуи корнома, фаъолияти эҷодиву таҳқиқотии С. Айнӣ дар самти адабиёти муосири тоҷик ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа тадқиқотҳои илмиву адабӣ ба анҷом расонидаанд.
Дар ин радиф мақолаи Саймумин Ятимов бо унвони “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ” аз таълифоте маҳсуб меёбад, ки маҳз ба хидматҳои устод бахшида шуда, дар ташаккули маърифати миллӣ, диди воқеӣ ба ҳастии ҷомеа, таъсиси давлатдории миллӣ таҳия гардидааст. Муаллиф нақши адабиётро ҳамчун воситаи таъсиргузор ва равшангар дар ташаккули шуур ва мафкураи ҷомеа муҳим шумурда, Айниро намунаи барҷастаи ин раванд меҳисобад.
Муҳимтарин мавзуъҳои меҳварии мақолаи мазкур ба нуктаҳои зерин бахшида шудааст:
– Пешгирии хатарҳои идеологияи хурофотӣ ва ҷаҳолат дар ҷомеаи муосир;
– зарурати ҳифз ва таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлол;
– аҳамияти адабиёту фарҳанг дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон;
– шахсияти Айнӣ ҳамчун манобеи маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ.
Ин гувоҳи он аст, ки С. Ятимов аз вазъи имрӯзаи баъзе соҳаҳо, аз ҷумла фарҳанг, адабиёт ва маорифи миллӣ огоҳӣ дошта, изҳори нигаронӣ менамояд ва қисме аз намояндагони ҷомеаро гирифтори буҳрони маънавӣ ва идеологӣ мешуморад. Ҳамчунин изҳор медорад, ки дар муқоиса бо гузашта, имрӯз моро мебояд, дар ин раванд корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем.
Чунончи дар ин маврид С. Ятимов зикр менамоянд, ки “камбуди ҷиддии дастгоҳи идеологӣ ва маорифи халқ (на Вазорати маориф дар танҳоӣ) – падару модар, муҳити оилавӣ, маҳал, деҳа, мактабҳои миёна, олӣ, иттифоқҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии мафкурасози ҷомеа, васоити ахбори умум, муассисаҳои фарҳангӣ, коргоҳҳо – дар маҷмуъ, ниҳодҳои масъули ташаккули муносиботи ҷамъиятӣ мебошад”.
Дар мақола Айнӣ ҳамчун шахсияти бисёрсоҳа (нависанда, муаррих, мутафаккир, маорифпарвар) муаррифӣ мешавад. Вай шахсияте аст, ки мафкураи иҷтимоӣ ва сиёсии замонашро таҳти таъсир қарор дода, барои таҳкими ҳувияти миллӣ хизматҳои арзанда кардааст.
Мақолаи мазкур таҳлили амиқ ва мукаммалест, ки на танҳо дар бораи устод Айнӣ, балки дар бораи масири рушди фарҳангу тамаддуни муосир изҳори назар шудааст. Воқеан, барои ҳифзи давлат ва ҳувияти миллӣ танҳо василаи сиёсӣ басанда нест – шуур, маърифат ва таълиму тарбия бояд таҳким ёбанд.
Акмал Қурбонов,
докторант PhD–и кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хуср
