Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тариқи онлайнӣ дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм иштирок намуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи муҳими иҷрои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон харҷ шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ҳадафи он таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон ва пур намудани эҳтиёҷи муассисаҳо бо кадрҳои ҷавону соҳибтахассус мебошад.

