Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва бо ташаббуси ректори Донишгоҳ, муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, дар факултети технологияи рақамӣ ва ҳифзи иттилоот синфхонаи иловагӣ барои шунавандагони забони кореягӣ ташкил карда шуд.
Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён забони кореягиро аз худ намуда, дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, махсусан дар самти технологияҳои иттилоотӣ (IT), фаъолона иштирок намоянд.

