Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи касбии кимиёгарон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти факултет, устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо ташаббуси садорати факултети химия ва биология Рӯзи касбии кимиёгарон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни касбӣ аз ҷумлаи анъанаҳои некест, ки барои арҷгузорӣ ба заҳмати олимон, омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳаи химия равона шудааст.
Ба ифтихори ин санаи муҳим дар факултети химия ва биология як қатор чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор карда шуданд.
Чорабиниро декани факултети химия ва биология н.и.х., дотсент Ятимов П.М. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи касбии кимиёгарон табрику муборакбод намуд. Мавсуф зимни суханронии худ аз дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён ёдовар шуда, саҳми факултетро дар рушди илми ватанӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, як гурӯҳ устодон, кормандон ва донишҷӯёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

