Дар доираи баргузории семинари омӯзишӣ ва табодули таҷриба, як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои гузаронидани машғулиятҳои маърӯзавӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи иштирокчиён ва иштироки фаъолона дар кори семинар бо сертификатҳои қадрдонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳо барои такмили маҳорати касбӣ, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-омӯзгорӣ аҳаммияти муҳим дорад. Устодони донишгоҳ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва мубодилаи таҷрибаи омӯзгорӣ дар ғанӣ гардонидани муҳтавои семинар саҳми назаррас гузоштанд.
Масъулини чорабинӣ аз фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки таҷриба ва донишҳои онҳо барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.

