Аз 1 то 8- уми июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав довталабоне, ки тариқи Маркази миллии тестӣ- ихтисоҳои дорои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)- ро доранд имтиҳони маҳорат гирифта мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба иттилои довталабоне, ки ихтисосҳои самтҳои санъат, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва диниро, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро талаб мекунанд, интихоб намудаанд, мерасонад, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимӣ баргузор менамоянд.
Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат бевосита дар муассисаҳои таълимии дахлдор пеш аз имтиҳонҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) гузаронида мешавад.

