Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар маҷлиси назоратии назди Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи онлайнӣ иштирок намуд.
Дар маҷлиси назоратӣ “Вазъи амалишавии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

