Имрӯз дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-071-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимояи Бобозода Убайдулло Холмирзо, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Асосҳои методии истифодаи масъалаҳои ҳисобӣ дар дарсҳои химия яке аз воситаҳои ташаккули қобилияти маърифатии хонандагон”, зери роҳбарии Бандаев Сироҷиддин Гадоевич, доктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.01 – Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ) (химия)) пешбинӣ мешавад.
