Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи корӣ Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он раиси Шурои олимон, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъалаҳои муҳокимашавандаи рӯзномаи ҷаласаро ба саъми аъзоёни Шуро расонид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шуро аз рӯйи масъалаи якум гузориши Сафаралии Алимаҳмад, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои таълимию истеҳсолии донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 шунида шуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи Қодирзода Бахтиёр, котиби масъули комиссияи қабул оид ба қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 баррасӣ гардид.
Дар масъалаҳои ҷорӣ, раиси Шурои олимони донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат масъулинро ҷиҳати иҷрои босифати корҳо вазифадор намуд.

