Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи Ҳабибуллозода Қурбон Ҳабибулло, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои онҳо дар таҳкими плюрализми сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)”, зери роҳбарии Саидзода Диловар, дотсент номзади илмҳои сиёсӣ доир гашт.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ пешбинӣ мешавад.
