Дар Мавзеи таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 107-и ихтисоси биология-дендрология аз фанни «Зоология» дарси озмоишӣ дар мавзуи «Омӯзиши сохти морфологии ҳайвоноти якҳуҷайра» баргузор гардид.
Дарси мазкурро омӯзгори кафедраи зоология Рамазони Маҳимбек гузаронида, зимни он ба масъалаҳои омӯзиши сохтори морфологӣ, хусусиятҳои ҳуҷайравӣ ва аломатҳои хоси ҳайвоноти якҳуҷайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар рафти машғулият донишҷӯён тавассути мушоҳида ва омӯзиши намунаҳои таълимӣ бо сохтори организмҳои якҳуҷайра аз наздик шинос шуда, донишҳои назариявии худро дар шароити амалӣ тақвият бахшиданд. Ҳамзамон, онҳо имконият пайдо карданд, ки хусусиятҳои морфологӣ ва сохтории ин гурӯҳи организмҳоро мустақилона мушоҳида ва таҳлил намоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии баргузории чунин дарсҳои озмоишӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, ташаккули малакаҳои мушоҳидакорӣ, таҳлил ва истифодаи усулҳои таҳқиқотии илмӣ мебошад.

