Давлат ҳамчун субъекти асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳомии манфиатҳои миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми ҳастии миллат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созанда, муттаҳидкунанда ва таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ эътироф гардидааст. Зеро маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи асосии пойдории давлат, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Аммо, мутаассифона, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ, бар асари як қатор омилҳои дохилию хориҷӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги хонумонсӯз на танҳо ба иқтисодиёти мамлакат зарари бузурги моддӣ расонд, балки боиси талафоти зиёди ҷонӣ, осеби маънавӣ, парокандагии ҷомеа ва гуреза шудани ҳазорон нафар шаҳрвандон гардид.
Дар натиҷаи ин ҳодисаҳои фоҷиабор сохторҳои давлатӣ заиф гардида, фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа халалдор шуд. Маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ, ихтилофоти сиёсӣ ва набудани ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки ба авҷ гирифтани низоъ мусоидат карданд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигоҳ доштани тамомияти арзии кишвар ва наҷоти миллат ба вазифаи аввалиндараҷа табдил ёфта буд.
Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои аввали истиқлолият эътирофи байналмилалии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ аз омилҳои муҳимми ташаккули давлатдории навин ба шумор мерафт. Бе таъмини сулҳу субот ва барқарор намудани ваҳдати миллӣ нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва рушди минбаъдаи кишвар ниҳоят душвор буд.
Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи халқи тоҷик мақоми хосса дошта, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, барои бунёди ҷомеаи осоишта ва давлати соҳибистиқлол замина гузошт.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва авҷ гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ арзиши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Воқеаҳои фоҷиабори як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либия, Судон ва Афғонистон нишон медиҳанд, ки низоъҳои дохилӣ ва набудани ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд ба давлат ва ҷомеа оқибатҳои сангин ба бор оранд. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихию сиёсӣ дорад.
Маҳз бо саъю талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот ва ризоияти миллӣ барқарор гардид. Албатта, дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овардани ҷонибҳои даргир ва расидан ба созиши умумӣ кори ниҳоят мураккаб буд. Дар ин раванд мушкилоти зиёд, ихтилофоти сиёсӣ ва монеаҳои гуногун вуҷуд доштанд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти давлат барои идомаи музокирот ва расидан ба сулҳи пойдор талошҳои пайваста анҷом дод.
Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуда, оғози марҳилаи муҳими барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими давлатдории миллӣ гардид.
Дар ҳақиқат, 27 июни соли 1997 ба рамзи баҳамоии миллат, оғози зиндагии осоишта ва умед ба фардои дурахшон табдил ёфт. Дар натиҷаи истиқрори сулҳ гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд, сохторҳои давлатӣ тадриҷан барқарор гардиданд ва барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам омад.
Ҳамзамон, дар кишвар ислоҳоти муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ амалӣ гардида, ба Конститутсия ва қонунгузории миллӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Барои таъмини фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо такя ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин раванд ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муайян ва амалӣ карда шуданд.
Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум аз ҷумлаи самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор мераванд. Амалӣ гардидани ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, дар фазои сулҳу субот ва ҳамбастагии ҷомеа имконпазир мебошад.
Ваҳдати миллӣ инчунин барои таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда ва пешниҳодҳои муҳимми глобалӣ, бахусус дар масъалаҳои обу иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳ, мавқеи фаъол пайдо намуд.
Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аз иқдомҳои муҳимми Тоҷикистон дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ дар баробари таҳкими истиқлолияти давлатӣ, муттаҳидсозии ҷомеа ва рушди кишвар барои баланд бардоштани мақоми байналмилалии Тоҷикистон низ заминаи устувор гузошт.
Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди эътирофи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ қарор гирифтааст. Саҳми арзандаи Сарвари давлат дар раванди сулҳофарӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ бо ҷоизаҳо ва унвонҳои гуногун қадрдонӣ гардидааст.
Воқеан, дар симои Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳбареро мешиносад, ки барои таъмини сулҳу субот, рушди ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо талош менамояд. Ин эътироф, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна, фаъолияти пайгиронаи дипломатӣ ва талошҳои созандаи роҳбарияти Тоҷикистон мебошад.
Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқ ва давлат низ шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки фаъолияти онҳо бо таҳаввулоти давлатдорӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо мебошанд, ки дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон, таҳкими низоми ҳуқуқии миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳанги ҳуқуқии ниёгон саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии давлат як қатор ислоҳоти конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ташаккули низоми мустақили ҳуқуқии кишвар замина гузоштанд. Ин раванд ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Агар ба яке аз андешаҳои маъруфи файласуфи англис Френсис Бэкон таваҷҷуҳ намоем, ӯ аз омилҳои муҳимми бузургӣ ва пешрафти миллат замини ҳосилхез, саноати фаъол ва ҳаракати озоди одамону молро медонад. Дар ин замина, сиёсати роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ аҳаммияти махсус дорад.
Бунёди роҳҳои замонавӣ на танҳо робитаи байни минтақаҳои кишварро беҳтар намуд, балки барои рушди тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя имкониятҳои нав фароҳам овард.
Самти дигари муҳимми фаъолияти роҳбарияти давлат рушди муносибатҳои дипломатӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба мебошад. Тоҷикистон дар даврони истиқлолият тавонист бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. Ин раванд ба муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат кард.
Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Саҳми Пешвои миллатро дар наҷоти миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ метавон дар чанд самти асосӣ арзёбӣ намуд:
– дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва нигоҳ доштани ягонагии кишвар;
– дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳу субот;
– дар фароҳам овардани шароит барои бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;
-дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар;
– дар рушди иқтисодиёт ва инфрасохтори иҷтимоиву нақлиётӣ;
– дар густариши муносибатҳои дипломатӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ;
– дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маориф, фарҳанг ва тарбияи насли ҷавон.
Ҳамаи ин равандҳо аз аҳаммияти таърихии сулҳу субот дар ҳаёти ҷомеа ва нақши роҳбарияти давлат дар ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳанд.
Махсусан, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик нақши тақдирсоз бозид. Ин иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ барои муайян намудани роҳи минбаъдаи давлатдории тоҷикон замина гузошт.
Дар он рӯзҳои душвор ва ҳассоси таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дарки амиқи манфиатҳои миллӣ роҳи расидан ба сулҳу ваҳдатро пеш гирифтанд. Маҳз дар ҳамин давра дар дили мардум умед ба ояндаи осоишта, эҳёи давлатдорӣ ва барқарорсозии суботи сиёсӣ қувват гирифт.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт гардидааст. Қарорҳои дар он қабулшуда барои барқарор намудани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва ҳифзи истиқлолияти кишвар заминаи муҳим фароҳам оварданд.
Сулҳу ваҳдат мафҳумҳое мебошанд, ки дар худ ормонҳои волои инсонӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии осоиштаро таҷассум менамоянд. Сулҳ рамзи оромиву осоиштагӣ, ҳамдигарбахшӣ ва эҳтироми якдигар буда, ваҳдат маънои муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ ва дарки масъулияти муштаракро ифода мекунад.
Барои мардуми шарифи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ арзиши муқаддас ба шумор меравад, зеро дар он ормонҳои таърихӣ ва орзуҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик таҷассум ёфтаанд. Тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландӣ, хушбахтӣ, рушди иқтисодӣ ва шукуфоии кишвар бевосита ба пойдории сулҳу ваҳдат вобастагӣ доранд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот ба сӯи рушди устувор қадам мегузорад. Дастовардҳои солҳои истиқлолият нишон медиҳанд, ки танҳо бо роҳи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созанда метавон мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи пешрафта ва обод бунёд кард.
Маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат миллати тоҷик тавонист аз парокандагӣ раҳо ёфта, дар роҳи бунёдкорӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор гузорад.
Саидамирзода Баҳодур,
муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
