Имрӯз дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни вилоятии «Навраси соҳибистеъдод», ки ба муносибати 9-уми декабр – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.
Озмуни мазкур таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия – амали дастаҷамъона» аз рӯйи чор номинатсия: «Беҳтарин эссе», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин видеоролик» ва «Шеъри эҷодӣ» баргузор гардида, хонандагони литсей маҳорати эҷодӣ, истеъдод ва ҷаҳонбинии худро тавассути асарҳои пешниҳоднамудаашон нишон доданд.

