Имрӯз аз ҷониби Комрон Сангинов, нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ва Маҳмадкарим Шарипов, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ аз вазъи буду боши донишҷӯёни дар хобгоҳи умумии донишгоҳ истиқоматкунанда, дидан намуданд.
Зимни суҳбат бо истиқоматкунандагони хобгоҳ М. Ширинзода аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, иброз доштанд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи бевоситаи давлату ҳукумат ва дастгириҳои Роҳбари давлат ба соҳаи ҷавонон равона гаридааст.
Ҳамчунин зимни суҳбат оид ба риоя намудани низомномаи будубош дар хобгоҳ, назорати пайваста оид ба ҳолатҳои санитарию эпидимиологӣ ва тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ, истифодаи дурусти неруи барқ ва оби ошомиданӣ, риоя намудани интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва даст назадан ба ҳуқуқвайронкуниҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

