Шоми дирӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии илмию тарбиявӣ таҳти унвони «Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон, инчунин ҷалби онҳо ба ҳифзи суботу оромии ҷомеа мебошад.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Нурализода Н., мудири шуъбаи тарбия Набизода Эмомалӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Шарифзода Идибек, муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зулфиқорзода Билол, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Халилов Умед ва мудири кафедраи менеҷменти сайёҳии донишгоҳ Наимзода Бекмурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, дар кишвар корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Суханронон ҷавононро ба зиракӣ, ҳушёрӣ, донистани арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва дурӣ аз ҳар гуна равияҳои ифротӣ даъват намуданд.
Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Шарифзода Идибек дар суханронии худ зикр кард, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда бояд дар сафи пеши мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор гиранд. Ӯ илова намуд, ки фаҳмидани моҳияти хатарноки терроризм ва экстремизм барои насли ҷавон аҳамияти бузург дорад, зеро маҳз онҳо дар ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол нақши калидӣ мебозанд.
Ҳамзамон, дигар иштирокдорон низ бо мисолҳои воқеӣ ва далелҳои омӯзанда баромад намуда, зикр доштанд, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавонони ноогоҳро ҳадаф мегиранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷом байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷавонон саволҳои худро матраҳ карда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ҷамъбаст гардид.

