-
таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст, З. Мирализода, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ иброз намуданд, ки бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид.
Сипас, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар мавзуи “Конститутсия ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷомеаи муосир” ба сухан баромада, қайд намуд, ки “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнвораҳои муҳими сиёсӣ ва таърихии миллат аз қабили Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хоса дошта, қонуни асосии давлат ва ҷамъият, ҳуҷҷати муқаддаси давлати соҳибихтиёр ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъияти ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷомеаи ҷаҳони муаррифи намуд ва барои ҳар як инсон шароити хуби зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат дод”.
Баъдан, Тошпулодов Шокирҷон, омӯзгорони кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзуи ” Нақш ва мақоми Конститутсия дар таъмини рушди низоми бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Б. Тағоймуродзода, дар мавзуи “Конституция как фундамент правового регулирования банковской системы” ва Билоли Ҳикматулло дар мавзуи “Constitution the guardian of justice and equality” баромад намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мизи мудаввар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардида, баромадкунандагон дар бораи мафҳум ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи мухтасари 10-боб ва 100 моддаи Конститутсияро ба донишҷӯён ва иштирокчиёни мизи мудаввар расониданд.
